Иштироки Тоҷикистон дар чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 16 ноябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) 46-умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари аъзо ва шарики созмон барпо гардид.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Бунёди хайрияи СААШ шуд, ки он соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии хайриявӣ таъсис ёфтааст. Ин иттиҳодияи ғайритиҷоратӣ ҳамасола чорабиниро бо муаррифии гӯшаҳои миллӣ ва тарабхонавии кишварҳои аъзо, инчунин лотереяи туҳфаҳои миллӣ баргузор менамояд.
Бо иштироки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ва дастгирии фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар Белгия ва Нидерланд, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ ашёҳои гуногуни анъанавии истеҳсоли косибии миллӣ — ҷавоҳирот, туҳфаҳои хотирмон, маснуоти сангӣ, зарфҳо, расмҳои “кундал”, либосҳои миллии ороишии мардонаву занона ва ҷузъиёти онҳо, тухмиҳои гулҳо, меваҳои хушк ва қаннодӣ, инчунин китобҳо ва руқъаҳо дар бораи Тоҷикистон пешкаш гардиданд.
Садҳо меҳмонони чорабинӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, СААШ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сафирони муқими шаҳри Брюссел, инчунин кормандони сершумори васоити ахбори оммаи аврупоӣ аз гӯшаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






