«Истиқлол» — соҳиби Ҷоми қаҳрамон

Ноябрь 14, 2014 11:50

Душанбе,  14.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-  12  ноябр  даври  17 — уми  мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол  байни  дастаҳои  лигаи  олӣ  бо  ду  вохӯрӣ  анҷом  ёфт. 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, дастаи  «Истиқлол» — и шаҳри  Душанбе  дар  майдони  худ  бозиро  бо  ҳисоби  1:1 бо  дастаи  «Далерон» — и  Истаравшан  мусовӣ  кард. 
Баъди  анҷоми  вохӯрӣ   маросими  ба  дастаи «Истиқлол»  супурдани Ҷоми  қаҳрамон  барои  пирӯзиаш  дар  мусобиқоти  Тоҷикистон  дар  соли  2014  баргузор  гардид. Ноиби  президенти  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Хуршед  Мирзоев мукофоти  фахриро  ба  капитани «Истиқлол» Дилшод  Восиев  супурд.
Дар   вохӯрии  дигар  дастаи «Хуҷанд»  дастаи «Регар —  ТадАЗ» —  и  шаҳри  Турсунзодаро  бо  ҳисоби  3:1 мағлуб  карда,  бо  32  хол дар  ҷадвали  мусобиқот  ҷойи  сеюмро  касб  намуд. 
Тақдири медалҳои  нуқра ва  биринҷӣ  дар   даври  18 -уми  мусобиқот  ҳал  мешавад. 16  ноябр  дастаи  «Хайр» дар  шаҳри  Ваҳдат  дастаи  ССКА «Помир» — и  пойтахтро  қабул  намуда,   дастаи  «Хуҷанд» дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа бо  дастаи  «Вахш» қувваозмоӣ менамояд.

Ноябрь 14, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад