Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Ноябрь 26, 2014 14:37

 
 26.11.2014, шаҳри Душанбе
 
Намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,
 
Имрӯз Тоҷикистон меҳмону дӯсти азизи худ – Президенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Земанро хайра мақдам мегӯяд, ки бо ӯ мо чанд лаҳза қабл музокироти пурмуҳтаво ва созанда доштем.
 
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаро баррасӣ намуда, дар мавзуоти доғи сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
Равобити байни Чехия ва Тоҷикистон таърихи хубе дорад. Ва бо назардошти дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷуҳи хоса доштани мо онҳо асоси тавсеаи иртибототи моро дар марҳалаи ҳозира ташкил медиҳанд.
 
Ин робитаҳо дар асоси анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобил ташаккул ёфтаанд.
 
Дар ин росто мо ҳамеша ба муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ диққати махсус медодем.
 
Чехия дар Аврупо яке аз шарикони муҳимми мо дар бахши иқтисоду тиҷорат аст.
 
Аз ин рӯ мӯҷиби хурсандист, ки дӯстони чехӣ, мисли худи мо ният доранд, ки ба ин муносибот таҳким бахшанд ва доираи онро низ васеътар намоянд.
 
Мо хуб медонем, ки Президенти муҳтарам Земан ҳанӯз солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамаре дошт ва гуфтан мумкин аст, ки асоси ҳамкориҳои имрӯзаи моро гузоштааст.
 
Нафарони зиёд аз сохторҳои комплекси агросаноатии кишвари мо бо сипоси фаровон ҷаноби Президентро хуб дар ёд доранд, чунки натиҷаҳои заҳматҳои ӯ дар бахши технологияҳои навин ва техникаи компютерӣ он вақт дар дигар мавзеъҳои Иттиҳоди Шуравии собиқ назир надоштанд. Фикр мекунам, ки фаъолияти онвақтаи ӯ имрӯз ҳам барои дигарон намунаи хубе шуда метавонад.
 
Дар музокирот ба ҳамкории бахшҳои хусусӣ ва ғановатманд намудани сохтори тиҷорати мутақобила таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
 
Мо инчунин бар онем, ки бидуни робитаҳои пурсамари гуманитарӣ инкишофи густурдаи муносибот пурра нахоҳад буд.
 
Чехия, масалан, кишварест пешрафта на танҳо дар бахши саноат, балки дар дигар ҷодаҳои ҳаёт низ.
 
Он мамлакатест, ки илми шарқшиносии пешрафтае дорад, алалхусус дар бахши эронишиносӣ ва тоҷикшиносӣ. Ман бо камоли қаноатмандӣ мулоқотҳои худро бо яке аз олимони номдори он марҳум доктор Иржи Бечка – шогирди Ян Рипкаи бузург дар хотир дорам, ки ӯро инҷо бо эҳтиром домулло Бечка мегуфтанд. Ҳар ду ин абармарди илм дар амри омӯхтан ва ба дунё муаррифӣ намудани забону адабиёти тоҷикон саҳми бузурге доранд.
 
Мо, албатта, хотираи онҳоро пос медорем ва кореро, ки оғоз карданд, идома доданӣ ҳастем.
 
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои хешро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ густариш хоҳанд бахшид, ки он шомили мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ хоҳад буд. Табиати байналмилалӣ гирифтани ин зуҳуротро мо дар Сурия ва Ироқ хуб мушоҳида мекунем. Дар ин мубориза мо бо Чехия шарикони табиӣ ҳастем.
 
Мо, албатта, дар масоили вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва Украина таваққуф намудем.
 
Нисбати Афғонистон мо назари ягона доштем, ки эҳёи истиқрор ва ба ҳадди нестӣ бурдани натоиҷи таҳдиду хатарҳои муосир ба талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла Тоҷикистон ва Чехия, ниёз дорад.
 
Ба ин раванд дӯстони чехи мо саҳми назаррас мегузоранд.
 
Мо таъкид намудем, ки вазъияти имрӯза дар Украина сулҳу суботи байналмилалиро ба таҳдид рӯ ба рӯ месозад.
 
Аз ин рӯ низои Украина бояд бо тариқи мусолиматомезу гуфтушунид ва ба воситаҳои сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад.
 
Дар фарҷом ман ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Милош Земан барои боздидашон аз кишвари мо ва барои музокироти пурмуҳтавою созанда ибрози сипос менамоям.
 
Мо итминони комил дорем, ки сафари нахустини расмии ӯ дар таърихи равобити дуҷонибаи мо барои мавриди истифода қарор ёфтани имконоти ҳамкориҳои Чехия ва Тоҷикистон такони ҷиддие хоҳад шуд.
 

Ноябрь 26, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад