Киҳо минбаъд вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мегарданд?
Душанбе, 8.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарон ва муовинони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд ҳамчун номзад ба вакили маҷлисҳои маҳаллӣ -вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пешбарӣ гарданд. Яъне, шахсони мазкур ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанро изҳор дошта бошанд.
Дар ин росто 7 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва инчунин иҷрои «Тавсияҳои нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






