Консерти эҷодӣ дар Театри опера ва балет
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Аз 21 то 22 ноябр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори пленуми навбатии Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон консерти эҷодӣ баргузор мешавад.
Тавре ки аз Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21 ноябр дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар иҷрои оркестри симфонӣ бо роҳбарии сардирижёр Анвар Шоймуродов композитсияҳои Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Юрий Тер — Осипов ва ходимони дигари намоёни фарҳанг танинандоз мешаванд.
22 ноябр дар толори консертии Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон консерти оркестри камеравӣ бо иштироки пианинонавозон Рафиқа Сангинова, Хосият Олимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Маҳмадқулов ва дастаи ғиҷҷакнавозон — дастпарварони коллеҷи мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ баргузор мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






