Куштор бо максади рабудани мошин

Ноябрь 24, 2014 10:04

Хуҷанд, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди маркази матбуоти РВКД дар Суғд А.Шарипов иттилоъ дод, чанде қабл дар ноҳияи Ашт шахсони номаълум бо мақсади рабудани мошин дар ҳудуди ноҳияи мазкур шаҳрванди 51-сола Холдоралӣ Юлдошевро, ки дар яке аз мактабҳои ноҳия ҳамчун омӯзгор фаъолият дошт,  зимни рондани мошин боздошта, ӯро латукӯб намуда, пасон  бо мошини ҷабрдида ӯро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Х.Юлдошев аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардошта  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Кормандони мақомоти милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз се рӯзи воқеаи маскур се тан сокинони ноҳияи маскур — Мухбиралӣ Сафарови 25- сола, Маъруф Азимҷонови 26- сола ва Умедҷон Раззоқови 29- соларо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор боздошт намуданд.
Тавре ки пурсиш ва тафтишот нишон дод, дастгиршудагон ҷинояти мазкурро 16 ноябри соли ҷорӣ дар роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Оби Ашти ноҳияи мазкур содир намудаанд.
Дар айни ҳол нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 

Ноябрь 24, 2014 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад