Маҳалҳои аҳолинишин табдили ном карданд

Ноябрь 21, 2014 12:03

          Душанбе, 21.11.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳои Суғду Хатлон номи як қатор маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтар табдили ном карданд.
            Аз ҷумла, дар деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент номи деҳаи Хирсхона ба Ганҷи ниҳон, деҳаи Қӯштеппа ба Наврӯзтеппа, Қиёқлӣ ба Ҳафтрӯд, дар ноҳияи Ашт номи деҳаи Бобокир ба Бобохайр иваз карда шуд.
           Дар ноҳияи Шурообод номи деҳаи Навбулоқ ба Раҳмонобод, дар ноҳияи Қубодиён  деҳаи Шох-2  ба Намуна,  деҳаи Дмитров ба номи  Хайрулло Файзуллоев, дар ноҳияи Бохтар номи деҳаи Фрунзе ба Обшорон,  деҳаи Посёлкаи нав ба деҳаи Файзобод, деҳаи Бирлик ба деҳаи Чорбоғ, деҳаи Будённий ба Сароб тағйир дода шуданд.

Ноябрь 21, 2014 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст