Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 20-умин солгарди қабули Конститутсия
Душанбе, 5.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки Сарвари давлати Тоҷикистон дар назди ҳозирин роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади муҳиму сарнавишсоз дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири тоҷикон маърӯза намояд. Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар даъват гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам -6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишвар -Конститутсияро қабул намуданд. Конуни асосии кишвар -Конститутсия аз даҳ боб ва сад модда иборат буда, дар он инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Бо назардошти рушди равандҳои ҷомеа ду маротиба- солҳои 1999 ва 2003 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Сарқонуни кишвар тағйиру иловаҳо ворид шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






