Маросими супоридани эътимодномаҳои сафирони давлатҳои хориҷӣ

Ноябрь 18, 2014 09:21

 Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябри 2014 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чордаҳ давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.
Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Малайзия Дато Норъайнӣ, Канада Шон Стайл, Ҷумҳурии Ирландия Оун ОЛири, Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Ҷумҳурии Молдова Андрей Галбур, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану, Мексика Улиси Канчули, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Ҷумҳурии Словения Приможа Шелиго, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт, Босния ва Гертсоговина Эдиб Буквич супориданд.
Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
С. Аслов сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.
 
 
 
 
 

Ноябрь 18, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд