Мексика омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

Ноябрь 21, 2014 14:08

Душанбе,  21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- 19  ноябр  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид бо  сафири  Мексика  дар Тоҷикистон  Улиси  Канчули суҳбат  намуд. 
Назар  ба  хабари ПСС ҶТ,  ҷонибҳо  роҳҳои  рушди ҳамкории  мутақобилан  муфид  дар  бахши тиҷорату  иқтисодиётро  баррасӣ   намуданд. Ҷониби  Мексика изҳор  дошт, ки омодаи  ба  Тоҷикистон   фиристодани техникаю  таҷҳизот ва технологияҳои навгонӣ  мебошад.
«Ҳамкории  сохторҳои тиҷоратии Мексика  ва  Тоҷикистон  бо василаи  дар  шаҳри  Душанбе доир  намудани  намоишгоҳи амволи  саноатӣ,  технологияҳо  ва ҳамоишҳои  тоҷирону  соҳибкорони ҳар  ду  кишвар  ба  рушди  муомилоти  моли дуҷониба  мусоидат  мекунад», — гуфт раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ.
Сафир  дар навбати  худ  иброз  дошт, ки  мақсад  аз  стратегияи  иқтисодии  Мексика  таъмини дастрасии  васеи амволи  Мексика ба бозорҳои  муҳимтарини Осиёи  Марказӣ ва Ҷанубӣ,  аз  ҷумла ба бо-зори Тоҷикистон  аст. Ба  гуфтаи  Улиси  Канчули,  чунин  сиёсати  иқтисодӣ  Мексикаро  ба маркази ҷаҳонии тиҷорат  ва  кишвари до-рои  иқтисодиёти қавӣ  табдил  додааст. 

Ноябрь 21, 2014 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад