Моҳият ва арзиши парчам
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада Дилрабо Мансурова зикр кард, ки эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар дили ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистон эҳсоси дӯст доштани ин сарзаминро дучанд менамояд.
Шоири ширинкалом Ният Ҳаёт аз таърихи пайдоиши парчам ва нақши он дар ҳаёти сиёсии кишвар сухан ронд.
Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи моҳият ва арзиши парчам маърӯза намуда, дар эътибори байналмилалӣ пайдо кардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон саҳми Сарвари Давлатро нек арзёбӣ намуд.
Донишҷӯён дар васфи Ватан, модар ва парчам шеъру суруд қироат намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






