Муқовимати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба воситаи хатсайри шимолӣ
Душанбе, 11.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 10 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовар тренинг дар мавзӯи “Такмил додани муқовимати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар ба воситаи хатсайри шимолӣ” оғоз шуд.Тренинг дар доираи Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардида, аз ҷониби Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Дар доираи тренинг кормандони агентӣ дар мавзӯъҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикӣ ва фаврӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар омӯзиш мегиранд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳоро дар баргузории чорабиниҳои муштарак таҷриба мекунанд.Тренинг аз ҷониби устодони Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Сибири Федератсияи Русия гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






