Муҳокимаи масоили ҳакамияти тиҷоратӣ

Ноябрь 14, 2014 15:44

Душанбе,  14.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  ва  ҳуқуқшиноси  шоиста,  доктори  илми  ҳуқуқшиносӣ,  узви  раёсат ва  довари Ҳакамияти  байналмилалии тиҷоратии   назди Палатаи  савдо  ва  саноати  Федератсияи  Русия  Нина  Вилкова  13  сентябр  дар  шаҳри  Душанбе  масоили  татбиқи  усулҳои  Ҳакамияти тиҷоратии  байналмилалӣ  дар  Тоҷикистонро  муҳокима  намуданд. 
Мувофиқи  хабари ПСС ҶТ,  дар  мулоқот  зикр  шуд, ки рушди  равобити   иқтисодӣ ҳалли мутамаддинии  баҳсу  мунозираро талаб  мекунад. Ҳакамияти тиҷоратии  байналмилалӣ маҳз барои расидан ба ҳамин  мақсадҳо фаъолият  дорад. Имрӯз Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  манофеи  беш  аз 600  корхонаҳои  калони  дохилию  хориҷӣ,  ассотсиатсияҳо,  иттифоқҳо ва  созмону  бонкҳоро  ҳифз  менамояд. 
Тавре  ки Шариф  Саид  қайд  намуд,  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  дар  ҷараёни қабули  тасмимҳои  мусбат  аз  рӯи Муоҳадаи  Ню — Йорк дар  бораи  эътироф  ва  иҷрои  қарорҳои ҳакамиятҳои  хориҷӣ  бо Ҳукумати  Тоҷикистон  ҳамкории  зич дорад, ки  ин қадами  муҳиме  дар  роҳи   ворид  шудани  ҷумҳурӣ  ба Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  буд. 
Ба  қарибӣ  Ҳукумати  Тоҷикистон  лоиҳаи  Қонун «Дар  бораи Ҳакамияти тиҷоратии байналмилалӣ» — ро  қабул  намуд, ки  он  барои  баррасӣ  ба  парлумони  кишвар  пешниҳод  шудааст. 
Нина  Вилкова дар навбати  худ  қабулу  имзои  Муоҳадаи  Ню — Йорк  аз  ҷониби Тоҷикистонро ба таври  мусбат  арзёбӣ  намуд. «Ин  шароити   судманди  ҳифзи  сармоягузорӣ ва татбиқи   созишномаҳои  дуҷониба  дар  бораи  ҳифзи  сармояҳоро, ки байни  Тоҷикистон  ва кишварҳои  дигар ба имзо  расидаанд,  фароҳам  меорад», —  гуфт  Нина  Вилкова.
 

Ноябрь 14, 2014 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад