Муҳокимаи масоили ВАО – и русзабон

Ноябрь 24, 2014 13:53

Душанбе,  24.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат ).- Шуъбаи  журналистикаи фокултаи  филологияи Донишгоҳи  славянии   Русия  ва  Тоҷикистон  19  декабри  соли  ҷорӣ конфронси  илмию  амалии ҷумҳуриявии «ВАО – и  русзабон  дар   шароити  ҷомеаи  иттилоотии Тоҷикистон» — ро  доир  карданист. Дар  ин  бора  аз донишгоҳи  мазкур  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Назар  ба   иттилоои  манбаъ,  масоили «Сомеа ва   дурнамои  ВАО – и  русзабон  дар  Тоҷикистон»  ва «Хусусияти  ВАО – и Русзабон  дар  Тоҷикистон» ба  муҳокимаи  конфронс  гузошта  мешаванд. 
Кумитаи тадорукотии  конфронс мавзӯъҳои  маърӯзаҳоро  барои  шомил  намудани онҳо  ба барнома  қабул  мекунад. Аз рӯи  натиҷаи  конфронс  маҷмӯаи  маводҳои  конфронс  интишор  мешавад. 

Ноябрь 24, 2014 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш