Муҳокимаи парлумонӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 22.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Новобаста аз он, ки алҳол дар кишварамон 30-агентии хусусӣ ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ машғул бошанд ҳам, аммо муҳоҷирони меҳнатии мо ба Русия таваккал карда мераванд», — гуфт зимни муҳокимаи парлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳокимаи парлумонӣ ба масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» бахшида шуда, дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ҳузур доштанд.
Шукурҷон Зуҳуров бо дахли раванди танзими муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии кишвар, гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масоили муҳими Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки он ба афзоиши аҳолӣ ва маҳдуд будани бозори дохилии меҳнат рабт дорад. Вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи мамлакатро бе таваҷҷӯҳ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар тасаввур кардан нашояд. Зеро имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба низоми рӯзгори аксари хонаводаҳои Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар таъмини зиндагии онҳо нақши муаасир дорад.
Зикр шуд, ки масоили марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар меҳвари фаъолияти вакилони Парлумон қарор дорад.
Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон масоили марбут ба танзими муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия матраҳ гардида, доир ба ҳалли онҳо пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






