Муҳокимаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 25 ноябр муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматҷон Бӯриев ва мутахассиси раёсати Осиёи Марказӣ ва Шарқии Бонки рушди Осиё Приянка Суд имконияти татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои оид ба минтақаҳои озоди иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.Назар ба хабари Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҷонибҳо аз вазъи ҳамкории мутақобилан муфиди байни Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё изҳори қаноатмандӣ карда, перомуни фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои мушорикати давлатҳо ва бахши инфиродӣ, роҳҳои ҳамкории зичтари маркази мазкур бо вазоратҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






