Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд

Ноябрь 8, 2014 12:35

Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дирӯз мулоқоти ҳайати намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар қароргоҳи Сарвари давлат, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар мулоқот раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо таърихи чандасра дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла савдо, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ҳавасманд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, то имрӯз байни ин вилоятҳо якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки он муносибати дӯстонаву манфиатбахши ҷонибҳоро таъмин месозад.
— Мулоқоти сатҳи аввали ин вилоятҳо ва ба имзо расонидани созишномаи вусъати ҳамкориҳо аз мулоқоти сарони ду давлат, ки дар доираи баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, сарчашма гирифта, саҳифаи нави муносибатҳои дӯстонаи ин минтақаҳоро  боз хоҳад кард —  таъкид дошт зимни суҳбат раиси вилоят.
Дар навбати худ намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Жениш Разаков гуфт, ки мо бо мардуми сарбаланди тоҷик аз аввал муносибатҳои мустаҳками ҳамсоягӣ доштем ва имрӯз низ ба идомаи ин сиёсат ва ривоҷ додани он омода ҳастем. Зикр ёфт, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун шарики боътимоди хориҷӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби Ботканд аз густариш ва рушди бахшҳои мухталиф, минҷумла муносибатҳои иқтисодӣ манфиатдор аст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ноябрь 8, 2014 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад