Мулоқоти ҳайати намояндагони вилоятҳои Суғду Ботканд
Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дирӯз мулоқоти ҳайати намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар қароргоҳи Сарвари давлат, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар мулоқот раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо таърихи чандасра дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла савдо, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ҳавасманд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, то имрӯз байни ин вилоятҳо якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки он муносибати дӯстонаву манфиатбахши ҷонибҳоро таъмин месозад.
— Мулоқоти сатҳи аввали ин вилоятҳо ва ба имзо расонидани созишномаи вусъати ҳамкориҳо аз мулоқоти сарони ду давлат, ки дар доираи баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, сарчашма гирифта, саҳифаи нави муносибатҳои дӯстонаи ин минтақаҳоро боз хоҳад кард — таъкид дошт зимни суҳбат раиси вилоят.
Дар навбати худ намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Жениш Разаков гуфт, ки мо бо мардуми сарбаланди тоҷик аз аввал муносибатҳои мустаҳками ҳамсоягӣ доштем ва имрӯз низ ба идомаи ин сиёсат ва ривоҷ додани он омода ҳастем. Зикр ёфт, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун шарики боътимоди хориҷӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби Ботканд аз густариш ва рушди бахшҳои мухталиф, минҷумла муносибатҳои иқтисодӣ манфиатдор аст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






