Мулоқоти А. Абдуллозода бо роҳбарони тимҳои мунтахаб
Душанбе, 11.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давалт).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба таҳлили Бозиҳои XVII-уми Осиё бо варзишгарони дастаҳои мунтахаби кишвар оид ба гўштини дзюдо, гўштини тарзи озод, юнонӣ-румӣ, вазнбардорӣ, камонварӣ ва қаиқронӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев, роҳбарони федератсияҳои мазкур ва дигар масъулони соҳаи варзиш иштирок намуданд. Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот иштирокчиён паҳлуҳои иштироки варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои XVII-уми Осиё, ки аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2014 дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, мушкилоту масоили ҷойдоштаро муайян ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро пешниҳод карданд. Гуфта мешавад, ки бо мақсади омодагии ҷиддӣ ба бозиҳои олимпӣ, ки соли 2016 дар давлати Бразилия баргузор мегардад, қарор қабул гардид, ки байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои дахлдор доир ба омода намудани варзишгарони лаёқатманд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд. Зимни мулоқот масъалаҳои дар доираи буҷети мактабҳои варзишӣ тарҳрезӣ намудани барномаҳои алоҳидаи тарҳрезишудаи варзишгарони лаёқатманд баррасӣ шуда, бо мақсади муайян кардани беҳтаринҳо ҷиҳати дар моҳи январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе гузаронидани чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо, тарзи озод ва юнонӣ-румӣ қарор қабул гардид. Дар назар аст, ки то 25 ноябри соли 2014 чунин мулоқотҳо вобаста ба ҳар як намуди варзиши олимпӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






