Мулоқоти Э. Раҳмон бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин

Ноябрь 7, 2014 17:07

Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Ван Чишан, узви Бюрои сиёсӣ, Котиби  Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин  доир ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ Мэн Ҷянчжу ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чэн Гопин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ роҳҳои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва тавофуқоти зиёди дар сатҳи олӣ ҳосилгардида муфассал баррасӣ шуд. 
Тавре зикр гардид, рушди бесобиқаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин воқеан аз ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамсоягии ибратбахши ду кишвари дӯст гувоҳӣ медиҳад.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамгироии амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҳамсояи наку ба таҳкими оромию субот ва рушди иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Ноябрь 7, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад