Мулоқоти Э. Раҳмон бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Ван Чишан, узви Бюрои сиёсӣ, Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин доир ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ Мэн Ҷянчжу ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чэн Гопин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ роҳҳои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва тавофуқоти зиёди дар сатҳи олӣ ҳосилгардида муфассал баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, рушди бесобиқаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин воқеан аз ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамсоягии ибратбахши ду кишвари дӯст гувоҳӣ медиҳад.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамгироии амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҳамсояи наку ба таҳкими оромию субот ва рушди иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






