Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори кулли ширкати роҳупулсозии Чин
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ширкати роҳупулсозии Чин Лу Шан доир ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷониба гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Тавре зикр гардид, аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳи мошингарди ДушанбеХуҷандЧанок бо нақби Шаҳристон, татбиқ гардидааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси мардуми кишварро ба роҳбарияти ин ширкат расонда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳам онҳо дар сохтмону навсозии роҳу пулҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам дар омодасозии мутахассисони варзидаи тоҷик дар ин соҳа саҳми намоён хоҳанд дошт.
Ба масоили вобаста ба омодасозии босифати лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи шоҳроҳи Душанбе-Кулма-Чин таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Чунонки иттилоъ доданд, то аввалҳои соли 2015 лоиҳа омодаю тасдиқ гардида, татбиқи амалии он тобистони ҳамон сол бояд оғоз ёбад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






