Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд
Душанбе, 17.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.Чунонки зикр гардид, давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари америкоӣ созишномаҳо бо Ҳукумати мамлакат, бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло сандуқи лоиҳаҳои фаъоли ин бонк ба маблағи умумии зиёда аз 500 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунию хоҷагии манзилӣ, низоми бонкдорӣ ва бахши хусусӣ амалӣ мешаванд.Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо, ба хусус ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, минбаъд низ босамар идома меёбад.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба таҳким ва густариши ҳамкории оянда таъкид доштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






