Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Чин
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Чин Лю Шиюй масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Чин мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






