Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин
Душанбе, 07.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарози ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, иборат аз 3 нақб бо дарозии умумии 3755 м ва 5 пул бо дарозии умумии 712 м мебошад.
Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешавад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






