Мулоқоти С.Аслов бо раиси Парлумони Кувайт
Душнабе, 24.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 23 ноябри 2014 дар шаҳри Кувайт вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо раиси Парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Сироҷидин Аслов сипоси раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ба раиси Парлумони Давлати Кувайт барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари ҳайати парлумонии кишвари мо ба Кувайт баён намуд. Дар ин росто зарурати омӯзиши таҷрибаи Парлумони Кувайт муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ Сироҷидин Аслов изҳор дошт, ки бо назардошти имконияти фаровони ҳамкорӣ сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Кувайт мундариҷаи нав мебахшанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






