Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири нерӯи таҷдидпазири Миср
Душанбе, 4.11.2014 (АМИТ “Ховар”).- 3 ноябри 2014 дар Қоҳира вазири барқ ва нерӯи таҷдидпазири Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Шокир ал-Марқабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши нерӯи ҷойгузин ва тачдидпазир дар ду кишвар меҳвари гуфтушунидро ташкил дод. Дар ин росто, ду ҷониб алоқамандии худро ба барқарорӣ ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар заминаи истифодаи манбаъҳои нави ҷойгузин ва таҷдидпазири нерӯ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодиву фаннӣ ва илмӣ изҳор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






