Мулоқоти Ш. Саид бо Ф.Масопуст
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар» ).- 27 ноябр раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати тоҷирони Чехия бо роҳбарии раиси иҷроия, узви раёсати Палатаи савдо ва саноати Чехия оид ба кишварҳои ИДМ Франтишек Масопуст мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ хабар доданд, мақсади асосии мулоқот иборат аз рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду давлат, ҳамчунин имзои созишномаи байни палатаҳо дар бораи ҳамкорӣ буд.
Мулоқот дар ҳошияи сафари расмии Президенти Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон, ки онро ҳайати тиҷоратию иқтисодии 70 ширкати Чехия ҳамроҳӣ мекард, сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 муомилоти моли байни Тоҷикистону Чехия 3,5 миллион долларро ташкил дод.
Франтишек Масопуст зикр намуд, ки аз рӯи натиҷаи ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони Чехия ва Тоҷикистон қарордоду созишномаҳои нави байни соҳибкорони ҳар ду кишвар имзо шуданд.
«Ин тадбир иқдоми наве дар роҳи рушду густариши ҳамкории байни ҳар ду кишвар хоҳад буд», — афзуд Франтишек Масопуст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






