Намоишномаи «Фирдавсӣ» дар театри Кӯлоб
Кӯлоб, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дирӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи ҷолибе намоиш дода шуд. Драмаи Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ» бо коргардонии Ҳунарманди халкии Тоҷикистон М. Миров дар рӯзи нахустнамоиш коршиносону мунаққидони театр, аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва ҳаводорони сершумори санъати театриро ба ҳам овард. Намоишнома, ки аз солҳои охири ҳаёти устод Фирдавсӣ қисса мекунад, дорои саҳнаҳои тарғибгари фарҳангу забон, ҳуввияту худшиносӣ ва бозгашт ба асолати ватандорӣ буда, ҳунармандони театри овозадори ба номи С.Вализода аз иҷрои накшҳои хеш ба хубӣ баромаданд. Хатти сабзи намошномаи мазкур, ки рабти бевосита ба ҷаҳонишавии замони муосир дорад, аз ҳар ҷиҳат ба тамошобинон писанд омад, зеро тарғиби осори Фирдавсии бузург ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ тимсоли шуҷоату далерӣ ва мактаби беназири худшиносист, ки ҳар як фарди ҷомеа метавонад аз он сабақ гирад. Ба гуфти коршиносони санъати театрӣ бо ин намоишнома ва аз дигар рӯ овардан ба Фирдавсӣ ва тарғиби ғояҳои худшиносӣ театри имрӯзаи тоҷик ба муваффақиятҳо комёб мегардад. Тавре ки Гулмурод Зуҳуров, Корманди шоистаи Тоҷикистон иброз дошт, намошнома дар баробари як драмаи мукаммали психологию фалсафӣ будан, инчунин дорои масъалаҳои комили иҷтимоӣ, аз ҷумла бозтоб намудани фидокорию инсонпарварӣ, садоқату ишқу муҳаббати беолоиш низ буд.
Пас аз анҷоми намоишнома аз ҷониби тамошобинону мунаққидон пешниҳод шуд, ки намоишномаи мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешкаши тамошобинон гардонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






