Нархи бензин баробари 20 дирам қимат шуд
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар нуқтаҳои маводи сӯхти шаҳр нархи намудҳои асосии бензин баробари 20 дирам қимат шуд. Алҳол «Газпромнефти Тоҷикистон» нархи 1 литр бензини намуди АИ – 92 – ро 6 сомонию 50 дирам, 1 литр бензини намуди АИ – 92 «Ҷидрайф» — ро 6 сомонию 65 дирам, 1 литр бензини намуди АИ – 95 – ро 6 сомонию 80 дирам, АИ – 95 «Ҷидрайф» — ро 6 сомонию 95 дирам кардааст. Ҳол он ки то рӯзи ҷумъаи гузашта нархҳои зикршуда баробари 20 дирам арзон буданд.Дар ширкати « Газпромнефти Тоҷикистон» сабаби инро чунин маънидод карданд, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистон бензини бебоҷ ворид нашуда, сӯзишворӣ бо нархҳои дигар дастрас гардида ва бо нархи қимат фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи намояндаи ширкати мазкур баландшавии қурби асъори Амрико низ ба арзиши ниҳоии бензин таъсир мерасонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






