Нигаронии М. Убайдуллоев аз фаъолияти муовини соҳавияш
Душанбе, 18.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз фаъолияти муовини соҳавияш, собиқ вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ намудааст.
Раиси шаҳр ҷиҳати рафъи мушкилоти вобаста ба хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои пойтахт ба сарпарасти соҳа-муовинаш Низом Ҳакимов дастур додааст, ки барои ҳалли норасоию камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳаҳои муҳими шаҳр тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Нигаронии раиси шаҳр аз муовини соҳавияш дар ҳолест, ки вақтҳои охир бо фарорасии сардиҳо нақлиёти ҷамъяитӣ дар пойтахт номуназзам фаъолият намуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт соатҳо дар интизори нақлиёти мусофиркашанад, ки ин боиси сари вақт ба дарс ҳозир нашудани донишҷӯён ва ба ҷои кору манзил нарасидани кормандону коргарони идораю ниҳодҳо гардидааст. Ё худ бо ҷурми тӯл кашидани таъмиру навсозӣ дар бархе аз роҳу кӯчаҳо ва кӯпрукҳои пойтахт субҳгоҳон ва шомгоҳон дар роҳҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳр танбашавии воситаҳои нақлиёт ба амал меояд, ки ин на танҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт, инчунин мусофиронро низ нороҳат месозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






