Оғоз боздиди Сарвари Давлат аз ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2014 11:19

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар оғози боздид аз ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оғоз бахшид.Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ду корхонаи саноатӣ бунёд меёбад, ки яке барои истеҳсоли варақаи гачкартонӣ ва дувумӣ барои тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон пешбинӣ шудаанд.Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор дароварда мешавад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм бошад моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст.Ҳарду корхона аз ҷониби ширкати муштараки Ху Чан Ғаюр Индастриал бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо бо назардошти конҳои ашёи хом беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим доранд, ки бо чунин маҳсулот натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, барои сифати баланди бозоргир ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дод.

Ноябрь 12, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид