Оғози Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе
Душанбе, 7.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 7-ум ва 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегарданд.
Дар ин чорабиниҳо, ки ба Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург бахшида шудаанд, раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко иштирок менамояд.
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои кориву тиҷоратӣ доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг баррасӣ мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ 6-уми октябри соли 1991 дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург шартнома ба имзо расид.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






