Омодагии Фархор ба давраи зимистон
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Масъулони ноҳияи Фархор баҳри самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014 — 2015» тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Бо саъю кӯшиши ҳамвораи масъулони ташкилоту муассисот дар ноҳия 870,7 тонна ангишт, 2563 метри мукааб ҳезум, 33770 дона брикет ва 7855 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи маориф ва илми ноҳия Ғазалшоҳ Сафарзода дар 65 муассисаи таълимӣ шишабандии синфхонаҳо, таъмиру бо сӯзишворӣ таъмин кардани генераторҳо барои гузарондани машғулиятҳои амалии фанни компютер, захираи ҳезуму ангишт ва дигар маводи сӯхту гармидиҳанда иҷро гардид.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия нигоҳдошти 314,4 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 95,4 километр роҳҳое, ки аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд, ба уҳда дорад. Масъулон баҳри бемамониат пушти сар намудани зимистон дар роҳҳои ноҳия бо харҷи 31 ҳазору 59 сомонӣ маводи зиддилағжишро захира намудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






