П. Шамолов: Сатҳи маблағгузорӣ ба буҷет сол ба сол меафзояд

Ноябрь 25, 2014 10:27

 
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 19 ноябр Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро  баррасӣ ва  қабул намуданд. Вазири молияи ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро тавзеҳ дода гуфт, ки  Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2015 дар асоси гурӯҳбандии  нави иқтисодӣ таҳия гардида, даромад ва хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо ба танзим дароварда мешавад. Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Парвиз Шамолов, мутахассиси Раёсати таҳлили масоили макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид, ки мухтасари он пешкаши хонандагон мегардад:
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Буҷети давлатӣ  барои соли 2015-ро дар асоси гурӯҳбандии  нави иқтисодӣ қабул кард. Андешаи Шумо дар ин маврид? 
-Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони  истиқлолияти давлатӣ дар  як муддати хеле  кӯтоҳи таърихӣ ба як кишвари дорои иқтисодиёти рӯ ба инкишоф табдил ёфт. Хушбахтона, ба туфайли амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлат, дар  кишвар  сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, суботу амнияти сиёсӣ комилан пойдор гардидааст. Ҷиҳати беҳбудии вазъи иқтисодии кишвар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Буҷети давлатиро  барои соли 2015 қабул кард. Ҳаҷми  Буҷети давлатӣ  барои соли 2015 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои даромад ба маблағи 15,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2014-  1, 4 миллиард сомонӣ зиёд аст. Дар буҷети давлатӣ  барои татбиқи  лоиҳаҳои инвеститсионӣ 2 миллиард сомонӣ, маблағи махсуси иншоотҳои  буҷетӣ 78,5 миллион сомонӣ ва даромади ҷории буҷети давлатӣ 12,6 миллиард сомонӣ дар назар гирифта шудааст.  Ҳиссаи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 28,9 фоиз ва даромади ҷории он ба 23,9 фоиз баробар гардидааст. 
Бояд ёдовар шуд, ки хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2015 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо назардошти касри буҷет ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2014 ба миқдори 1, 4 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин 29, 4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. 
      -Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2015 сиёсати иҷтимоии давлат чӣ гуна ба назар гирифта шудааст?
-Маврид ба зикр аст, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2015 сиёсати иҷтимоии давлатро боз ҳам рушд дода, дар он дар  доираи барномаи стратегии давлат  барои маблағгузории бахшҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос сурат гирифтааст ва бо ин мақсад  7,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши  855,1 миллион сомонӣ  равона мегардад.  Агар дар соли 2014 хароҷоти ин соҳаҳо нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  14, 2 фоизро ташкил диҳад, пас, дар соли 2015 ин шумора ба 14, 7 фоиз баробар мегардад. 
Буҷети давлатӣ хусусияти инсонмеҳварӣ дошта, дар он  барои соли 2015  ба соҳаи маориф 2,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиши 401,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 1,2 миллиард сомонӣ, бо афзоиши  105,3 миллион сомонӣ,  ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 2,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиши 198 миллион сомонӣ,   фарҳанг ва варзиш 736,5 миллион сомонӣ, бо афзоиши 150, 2 миллион сомонӣ ва  илм 82,6  миллион сомонӣ, бо афзоиши 4,7 миллион сомонӣ равона мешавад.  Ҳамзамон дар буҷети соли оянда барои сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои бахши энергетикӣ, роҳҳои мошингард, дастгирии бахши кишоварзӣ, беҳтар  намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ  ва дигар иншоотҳои муҳими кишвар  4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ,  нақлиёт ва коммуникатсия бо назардошти таъмир ва барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ 964,2 миллион сомонӣ ва  хоҷагии манзилию коммуналӣ 835,7 миллион сомонӣ бо афзоиши 62 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин  барои  иваз кардани дастгоҳи тақсимоти об дар неругоҳи барқи обии Норак 52,7 миллион сомонӣ, навсозии неругоҳи барқии обии Қайроққум 20 миллион сомонӣ,  лоиҳаи «CASA-1000» 13 миллион сомонӣ,  сохтмони маркази барқу гармидиҳии  «Душанбе-2»  25 миллион сомонӣ  ва барои барқарорсозии неругоҳи барқи обии Роғун 1, 6 миллиард сомонӣ маблағ  пешбинӣ гардидааст. Қобили зикр аст, ки  ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар нуҳ соли охир аз 1,8 миллиард сомонӣ то ба 15,3 миллиард сомонӣ дар соли 2015 афзоиш ёфт, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 8 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 252 миллион сомониро ташкил медод, 50 маротиба зиёд мебошад.
Ба ҳамин тариқ таҳлили ҳамасолаи Буҷети давлатии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аз файзу баракати суботи ҷомеа сол ба сол сатҳи маблағгузорӣ ба Буҷет афзоиш ёфта, ба соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз қабили тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва илм диққати хосса зоҳир мегардад. Агар дар шароити имрўзаи давлатсозӣ ҷомеаи мо бо чунин сатҳ боло рафтан гирад, бовар ҳаст дар солҳои наздик бисёр мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пушти сар хоҳанд шуд.
 
 
 

Ноябрь 25, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АРЗАНДАТАРИН НЕЪМАТ ВА БУЗУРГТАРИН САРМОЯ. Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дастаи вилояти Хатлон дар Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид
Дар Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ АСИЛИ ВАҲДАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ва конфронс доир шуд
Дар Бохтар амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
КАМЕРАҲОИ ХУДКОРИ ДУШАНБЕ. Марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт оғоз гардид
Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» вусъат меёбанд