Парлумон тарҳи нави қонуни гирдиҳамоиҳоро қабул кард

Ноябрь 13, 2014 09:39

  Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тибқи  тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо,  гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» шаҳрвандоне, ки бидуни иҷозати мақомоти марбута гирдиҳамоию роҳпаймоиҳо ташкил мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маҷлисҳо,  гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро  12 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон муҳокима ва қабул карданд.
        Амирқул Азимов -раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки  он муносибатҳои  ҷамъиятиро ҳангоми баргузории маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта  дар қаламрави кишвар ба танзим медарорад.   
Тибқи тарҳи нави қонуни мазкур чорабиниҳои ошкоро осоишта ва ба ҳама дастрас дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣ ва роҳпаймоӣ бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ тибқи аризаи пешниҳоднамудаи онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мешаванд, ки дар ариза мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудан, чорабиниҳо ва дигар шартҳои он пурра нишон дода мешавад. Инчунин дар навбати худ намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҷараёни баргузор намудани чунин чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок намуда, амалҳои онҳоро дар бораи баргузор намудани чунин чорабиниҳо бо онҳо мувофиқа менамояд ва намояндаҳои ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳое, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегардад, дар Раёсат ва шуъбаи корҳои дохилӣ нақшаю чораҳои лозимӣ тартиб дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро зимни баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ таъмин менамоянд.
Ҳамзамон тибқи тарҳи нави қонуни мазкур маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст ва он боиси ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидан мегардад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муайяннамудаи қонуни мазкур баргузор мешавад, мамониат кунанд. Ҳамзамон дар тарҳи нави қонуни мазкур вазъи ҳуқуқи намояндагони васоити ахбори омма зимни инъикоси ҷараёни баргузории гирдиҳамоию намоишҳо таъкид гардидааст. 
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо ҳанӯз соли 1998 таҳия ва қабул гардида буд. Баъдан бо назардошти рӯйдодҳо ва дигаргуниҳо дар ҷомеаи муосири кишвар Парлумони мамлакат ба он ду маротиба -солҳои 2011 ва 2013 тағйиру иловаҳо ворид намуд.  
 

Ноябрь 13, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад