Пешниҳоди Шариф Саид
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- «Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкорӣ бо Олмон аст. Имрӯз сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳоямон ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқат намекунад», — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот бо сафири Олмон Ҳолгер Грен, ки 20 ноябр баргузор гардид.
Назар ба хабари ПСС ҶТ, раиси Палатаи савдо ва саноат дар ҷараёни мулоқот сафирро бо соҳаҳои авлавиятдори иқтисодиёти Тоҷикистон, ки ба маблағгузорӣ зарурат доранд, шинос кард. Шариф Саид ҳамчунин дар бораи имконоти ба Олмон фиристодани маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи кишоварзӣ сухан кард.
Шариф Саид ҳамзамон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ доир намуда, ҳамоиши аҳли тиҷорати Олмону Тоҷикистон ташкил карда шавад, зеро ин василаи беҳтарини рушду таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба шумор меравад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






