ПСС ҶТ: Дар минтақаҳо низ намоишгоҳҳо гузаронида шаванд
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Ба иттилои Шариф Саид-раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст дар ояндаи наздик намоишгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаҳои кишвар низ ташкил шаванд. Тавре ки мавсуф 7 ноябр зимни нишасти хабарӣ бахшида ба оғози Намоишгоҳи саноатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон зикр кард, бояд баъзе намоишгоҳҳои эронӣ на танҳо дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ низ гузаронида шаванд.
Зарурати ташкил намудани ин гуна намоишгоҳҳоро дар минтақаҳои кишвар Шариф Саид дар таъмини аҳолии минтақа бо таҷҳизот ва лавозимоти махсус баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ ном бурд, зеро феълан ашёи хом бештар дар навоҳӣ ва деҳоти кишвар дида шуда, ҳамзамон бо коркард гаштани онҳо тавассути таҷҳизоту лавозимоти махсус иқтисоди кишвар низ пеш хоҳад рафт.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи саноатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз 12 то 15-уми ноябр соли равон дар «Кохи Борбад»-и шахри Душанбе идома ёфта, дар он беш аз 80 ширкати эронӣ иштирок мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






