Р. Раҳимзода: «Конститутсия- чароғи фурӯзон дар роҳи рушди давлат»

Ноябрь 3, 2014 12:27

Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳафтаи сипаригардида дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабинии идона баргузор гардид. 
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам ва як гурӯҳ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, меҳмонон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Р. Раҳимзода ҳозирин ва тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ табрик намуд.
Мавсуф зикр кард, ки: «Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваст. 
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва моддӣ-маишии сокинони кишвар дигаргунӣ ва пешрафтҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз онҳо боиси ифтихор ва сарафрозии сокинони кишваранд.
Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи соҳаи илму маориф, пешрафти саноату кишоварзӣ, бунёди биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ноил гардид.
Бо шарофати қабули Конститутсияи  Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳониён онро ҳамчун як кишвари бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар месозад.
Сарқонуни ҶТ ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд».
 
 

Ноябрь 3, 2014 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад