Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста
Душанбе, 3.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои ҷорӣ дар шаҳри Чкалов тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, тибқи нақшаи муштараки масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, прокуратураи шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Чкалов вохӯрӣ бо аҳолӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи “Риояи қонун-кафили зиндагии шоиста” доир шуда истодааст.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти навбатии масъулин бо сокинони маҳаллаҳои “Сулҳ” ва “Гулистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр баргузор шуд ва дар он роҷеъ ба масъалаҳои риояи қонунҳои мазкур- исрофкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






