Роҳпаймоии идона ба ифтихори Рӯзи Парчам

Ноябрь 22, 2014 11:35

 
             Душанбе, 22.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба  ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрдории Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои идонаро таҳррезӣ намудааст.  Тибқи он чорабиниҳои идона ба ифтихори ин санаи таърихӣ рӯзи 24 ноябр   дар Майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад. 
               Ҳамзамон, шаҳрдории пойтахт роҳпаймоии идонаи сокинони Душанберо бо ҳузури 8 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон /аз ноҳияи Сино 2500 нафар, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур-2000 нафарӣ/ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор менамояд. Дар иртибот барои  доир намудани роҳпаймоии идона интизор меравад, ки ҳаракати нақлиёт дар  бархе аз ҷодаҳои пойтахт рӯзи 24 ноябр  муваққатан қатъ карда шавад. Дар ин рӯз инчунин дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуда, ба ронандагони онҳо нишони сарисинагӣ бо рамзи Парчами давлатии кишвар дастрас мегардад. Инчунин тавассути мониторҳо дар пойтахт  видеороликҳои тарғибкунандаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
       Бояд тазаккур дод, ки сохторҳои марбутаи пойтахт ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ конфронсу суҳбатҳо, аз ҷумла дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт намоишгоҳи китобҳоро созмон дода, чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор намудаанд.

 

Ноябрь 22, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад