Роботҳо барои безараргардонии маводи тарканда
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз масъулини Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД роботҳо барои безараргардонии маводи таркандаро супориданд.
Тавре ки Х. Солеҳов- корманди ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, роботҳои мазкур бо дастгоҳи махсус идора шуда, вазифаи дарёфт, муайян ва безарар кардани маводи тарканда ва худсохтро иҷро менамоянд. Ҳамчунин он барои бехатарӣ ва амнияти кормандон зимни гузаронидани амалиёти махсус равона шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барномаҳои зиёд, аз ҷумла ҳамкориҳои мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи зан, такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ шуда, густариш меёбанд.
Муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷес низ дар навбати худ аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки роботҳои безараргардонии маводҳои тарканда дар асоси Барномаи мусоидат дар мубориза бо терроризм роҳандозӣ шуда, барои кормандони ин ниҳоди таъиноти махсус кумак хоҳад кард.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД тарзи кор бо робот ва истифодаи он мавриди безараргардонии маводи тарканда ба ҳозирин намоиш дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






