Саҳми Шӯрои бибиотунҳо дар ҳаёти мардуми Хуҷанд
Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Тарғиби ҳаёти солим, худдорӣ аз ҳар гуна зӯроварӣ ва гирифтани пеши роҳи либоспӯшии бегона масъалаҳое буданд, ки Раҷаббой Аҳмадзода-раиси шаҳри Хуҷанд ба ислоҳи онҳо аз аъзои Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд даъват намуд.
Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо дар маркази вилоят аз соли 2011 ташкил гардида, 40 нафар бибиотуни шаҳр ва ҷамоатҳои Унҷӣ, Ҳ. Усмон ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муттаҳид менамояд.
Бо мақсади тақвият додани кори Шӯрои мазкур ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Саодат», «Гули сурх» ва «Насл» чанд маротиба дар мавзӯи мухталиф семинарҳо гузарониданд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо аъзои Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд саҳми онҳоро дар ҳаёту фаъолияти маркази вилоят муҳим арзёбӣ намуда, барои иштироки фаъолона дар маъракаи пахтачинӣ изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани робитаи шӯро бо воҳидҳои сохтори давлатӣ нақшаи муштараки фаъолият бояд таҳия ва амалӣ гардад.
Дар ниҳояти мулоқот раиси шаҳри Хуҷанд ба 17 нафар фаъоли Шӯрои бибиотунҳои шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






