«Сад барги ғазал» нашр гардид

Ноябрь 14, 2014 16:04

 
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Китоби «Сад барги ғазал» -и Мавлоно Ҷомӣ, ки ба истиқболи 600-солагии  мавлуди мубораки ин алломаи бузург бо интихоб ва пешгуфтори мудири кафедраи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нуралӣ Нурзод ба дасти чоп расид, аз рӯи нусхаҳои тоҷикистониву эронии ҳар се девони шоир баргузида шудааст.
Воқеан забони ғазалиёти шоир аз чандин шохисаҳои ҳунарӣ дар намуди сохтмони тарокиб ва таъбирҳои шоирона, корбурди ҳунармандонаи вожагон ва ибораҳои мардумӣ ва амсоли ин бархурдоранд, ки бештари маврид онҳо ба сурати махсус ва ба унвони маҳсули тафаккури бадеии суханвар ба ҷилва омада, арзишҳои хоси маънавӣ ва адабиву ҳунарии каломи шоирро муҷассам гардонидаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба таҷассуми ҳунари шоирии Ҷомӣ дар оинаи ғазалиёти ӯ боз ҳам имконоти фарохтареро дар шинохт ва маърифати андешаҳои борвар ва отифаҳову эҳсос ва тафаккури шоирона пешорӯ мегузорад, ки албатта, мутмаинем муҳибону мухлисони сухани ноби шоир фаротар аз дирӯзу имрӯз дар оянда қадам ба сайди маънӣ ва кашфи рамзу рози наққошиҳои ҳунарварона дар лавҳи ғазал хоҳад  гузошт.

 

Ноябрь 14, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад