Санъати театр илҳомбахши зиндагии мардум
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Санъати театр дар ҳар давру замон ҳамқадаму илҳомбахши зиндагии мардум буда, имрӯзҳо низ нақши он дар рушду такомули ҳаёти ҷомеа бештар намудор мегардад.
Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз зумраи нахустин машъалафрӯзони фарҳанги тоҷик маҳсуб меёбад. 80 сол муқаддам ташаббуси як гурӯҳ ҳаваскорони санъат, ки аввалин саҳнаҳоро аз ҳаёти мардум ба намоиш гузоштанд, боиси таъсиси театр дар шаҳри бостонии Хуҷанд гардид.
Дар замоне, ки халқи тоҷик ба маданияти муосири башарӣ нав пайвастагӣ пайдо мекард, ин театр ташкил ёфта, санъати миллии тоҷикро аз анъанаҳои ҳазорсолаи тоҷикон — суруд, рақс, мусиқӣ ва намоишномаҳои оддии маъракавӣ сар карда, тӯли солҳо бузургтарин асарҳои классики ватанӣ ва ҷаҳониро рӯи саҳна овард.
Дар давоми фаъолияти пурбаракат дар саҳнаи театр намоишномаҳои ҷолиб, аз қабили «Дили шоир», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Тӯй», «Хатро ман навишта будам», «Шапарак хоб дид», «Зол ва Рудоба», «Макр ва муҳаббат», «Лӯлидухтар Аза», «Модар нигарон буд», «Исёни арӯсон», «Калиди бахт», «Маҳфилоро» ва садҳои дигар рӯи саҳна омаданд, ки ифтихори санъати миллии мо мебошанд.
Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова, Муътабар Иброҳимова, Одилҷон Назаров, Ҷӯрабек Набиев, Сайрам Исоева, Зебо Аминзода, Ислом Саломов, Даврон Алиматов, Зулфия Тӯйчиева ва даҳҳои дигар санъаткорон дар рушду нумӯи театр саҳми арзанда гузоштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






