Семинар дар мавзӯи таҳқиқи зиддифасодӣ
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Душанбе семинари серӯза дар мавзӯи таҳқиқи зиддифасодии ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба кораш шуруъ намуд.
Таваре ки аз дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, семинар анҷоми фаъолиятест, ки тайи як моҳ давом карда, дар ҳошияи он коршиноси шуъбаи миллии Иттиҳодияи илмию истеҳсолии байналмилалии Трансперенси Интернэшнл воқеъ дар Русия дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба манзури тарҳрезии методологияи таҳқиқи зиддифасодӣ мустақиман кор кардааст.
Методологияи мазкур ба мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлияи ҶТ, Агентии хадамоти давлатии назди Президенти ҶТ ва Институти такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва ниҳодҳои дигари дахлдор барои шиносоӣ бо консепсияи таҳқиқи зиддифасодӣ ёрӣ расонида, ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои номукаммале, ки хилофи нуктаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқианд, мусоидат мекунад.
Зарурати ҷорӣ намудани механизми таҳқиқи зиддифасодии Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ ба низоми қонунгузории Тоҷикистон бори нахуст дар Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати вусъат бахшидани муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид шуда буд.
Моҳи январи соли 2014 дафтари САҲА якҷоя бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ тасмим гирифт, ки барои курси таълимӣ методологияи таҳқиқи зиддифасодӣ таҳия ва онро барои омӯзиш интишор намояд.
Мақсад аз курси таълимӣ ва семинар дастгирии ташкили гурӯҳи байниидоравии коршиносони бахши таҳқиқи зиддифасодӣ мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






