Сертификати байналхалқии сифат ба «Бонки Эсхата»

Ноябрь 20, 2014 15:52

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — «Бонки Эсхата» ҳамеша ҳамқадами замона буда, намудҳои нави хизматрасониҳои бонкиро ҷорӣ менамояд. Бонк ҳамеша усулҳои дурнамои идора ва роҳҳои инноватсионии идораро истифода мебарад, ки он бешубҳа, барои хизматрасонии босифат аз рӯи стандарти байналхалқӣ равона шудааст.  
Боз як такони ҷиддӣ дар ин ҷабҳа барои бонк ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат мутобиқ ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008, ба сохтори идора ва самаранокии кор таъсири мусбати худро расонид. Ба туфайли ҷорӣ намудани он, хизматрасонӣ ба мизоҷон ба сатҳи дигар гузашта, нигоҳ ва андешаи кормандонро нисбат ба кор аз роҳбарият то мутахассис дигаргун намуд. 
Ҷараёни ҷорикунии ин низоми муҳим аз тарафи худи кормандони  бонк бе ҷалби мушовирони берунӣ сурат гирифт.
Чуноне ки раиси Раёсати бонк Хуршед Носиров иброз дошт, ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи менеҷменти сифат дар бонк пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ҷории ҷавобгӯ ба талабот ва интизории мизоҷон, таъмини самаранокӣ ва рақобатпазирӣ, беҳтарсозии пайвастаи фаъолияти бонк, ки кафолати иҷрои талаботҳоро оид ба сифат медиҳад. 
Охири соли 2013 аз ҷониби Раёсати бонк бо мақсади гирифтани тасдиқи мутобиқат ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 оид ба гузаштани сертификаткунонӣ ва соҳаи он — хизматрасонии интиқоли пулӣ қарор қабул гардид. 
Бояд зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҷорӣ намудани низоми идораи сифат ҷараёнҳои асосии бонк осон шуда, регламентҳои нав ва ҷараёнҳои корӣ мураттаб гардидаанд ва аз рӯи он омӯзиши кормандони бонк гузаронида шуд.
Барои гузаронидани аудити сифат аудиторони ташкилотҳои байналхалқии Intertek даъват шуданд. 
Дар натиҷаи гузаштани ҳамаи давраҳои аудит, «Бонки Эсхата» сертификати мутобиқатро ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 соҳиб гардид.
Дар айни ҳол «Бонки Эсхата» дар Тоҷикистон яке аз нахустин муассисаи молиявие ба ҳисоб меравад, ки дорои сертификати байналхалқии ISO 9001:2008 мебошад. Ин дастовард ба бонк барои гузаштан ба сатҳи нави ҳамкорӣ  ва  сатҳи байналхалқии идораи сифат имконият медиҳад, ки бешубҳа ба мукаммалкунии мунтазам ниёз дорад.
Дар арафаи чашни 20 -солагии Бонки Эсхата ин хушхабар ифтихор ва дастоварди бузург барои роҳбарият,  кормандон, мизоҷону ҳамкорони бонк  маҳсуб мешавад.
 

Ноябрь 20, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад