Ш.Стайл: «Мо барои фаъолияти муштарак имконоти зиёде дорем»

Ноябрь 20, 2014 14:11

Душанбе,  20.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Бекназари Абӯбакр).- «Басо   шарафмандам, ки Ҳукумати  Канадаро  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон муаррифӣ  менамоям», — гуфт  сафири  Канада Шон  Стайл  баъди  18  ноябр  ба Президенти  Тоҷикистон  Э.Раҳмон  супурдани эътимодномаҳо.
«Эмомалӣ  Раҳмон   зикр  намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии  кишварҳои  ҷаҳон  акнун  масофаҳои  дароз садди роҳи  ҳамкорӣ  шуда  наметавонанд. Канадаю  Тоҷикистон дар   гӯшаҳои  гуногуни  кураи  замин  бошанд  ҳам, мо  барои  фаъолияти  муштарак   имконоти   зиёде  дорем. Дар  Тоҷикистон  ба  ман  муяссар  шуд, ки аз  чӣ   иборат  будани  ин  имконотро  дарк  намоям.  Тавре   гуфта  шуд, Канада шарики деринаи Тоҷикистон аст. Канада ҳамкориашро   асосан  тавассути  чунин   созмонҳои  байналмилалӣ,  монанди Бонки ҳамкории  ҷаҳон, Бонки рушди  ҷаҳон  ва Бунёди Оғохон идома  медиҳад», — зикр  намуд Шон Стайл. 
«Сарфи  назар  аз  он  ки  Тоҷикистон,  чун  ҳар  кишвари  дигари  ҷаҳон, дучори  душвориҳо  мегардад, мо бовар  дорем, ки  барои  рушди  ояндаи  муносибатҳоямон имкониятҳои  зиёде  дорем. Канада ва  Тоҷикистон бо  дуои парвадигор аз   захираҳои  минералӣ ва гидроэнергетика хеле  ғанианд»,  —  афзуд  сафир. 

Ноябрь 20, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад