«Шавоҳид- ун- нубувват» нашр шуд

Ноябрь 13, 2014 10:57

Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Шавоҳид- ун- нубувват» аз ҷумлаи муҳимтарин осори насрии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буда, чанде қабл дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо», ки бо эҳтимоми Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд, бо тасҳеҳ ва тавзеҳу ҳошияи доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд рӯйи нашр омад.
 Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар китоб матолибе фароҳам омадаанд, ки барои шинохти ҷаҳонбинии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва маърифати андешаи ниёгон хеле судманд мебошад ва бори нахуст аст, ки дар кишвари мо ба табъ мерасад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иддае аз осори Ҷомӣ комилан дар мавзӯи эътиқоду шаръиёт ва сияру маноқиб ба қалам омадаанд. Таълифоте чун «Тафсири Қуръон» , «Арбаин», «Маносики ҳаҷ», «Рисолаи ақоид», «Нафоҳот  ул — унс», «Рисола фи-л- вуҷуд»,  «Рисолаи шароити зикр», «Рисолаи таҳлилия», «Шарҳи ҳадиси Абӯразини Уқайлӣ» ва чанде дигар инро таъйид менамояд. «Шавоҳид  ун  нубувват»-и Абдураҳмони  Ҷомӣ низ дар ҳамин замина ба қалам омадааст.  
  Бояд зикр намуд, ки китоб ҷиҳати ташаккули улуми адабӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ ва рушди маънавият дар ҷомеа сарчашмаи арзишманд буда, барои устодон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.  
 
 

Ноябрь 13, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад