Шоми имрӯз бархе аз ҷодаҳои пойтахт баста мешавад

Ноябрь 24, 2014 15:42

                    Душанбе, 24.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шоми имрӯз шурӯъ аз соати 17:00 то 20:00 дар иртибот ба баргузории роҳпаймоии идонаи сокинони Душанбе бархе аз ҷодаҳои пойтахт, ки ба самти Майдони Парчами миллӣ пайвастаанд, муваққатан баста шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар онҳо қатъ ва маҳдуд мешавад.
    Ба иттиллои Зиёратшо Хушов-муовини сардори  шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт имрӯз аз соати 17:00 то 20:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз назди «Кохи Ваҳдат» то чорроҳаи Бухоро /Хонаи матбуот/, хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз гардиши хиёбони Абӯалӣ ибни Сино), кӯчаҳои Шероз, Шоҳтемур/Боғи Рӯдакӣ/, кӯчаи Теҳрон /Майдони Дӯстӣ/  ва Фотеҳ Ниёзӣ муваққатан қатъ мешавад.
      Зиёратшо Хушов афзуд, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт имкон доранд тавассути кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Шоҳтемур, Рӯдакӣ, Шевченко ва Бухоро  ҳаркат намоянд.
      Мавриди зикр аст, ки имрӯз 24 ноябр ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ дар Майдони Парчами миллӣ барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва роҳпаймоии идонаи беш аз 8- ҳазорнафараи сокинони Душанбе баргузор мегардад.     
 
 
 

Ноябрь 24, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд